Сентябр 29, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Амрико ба Осиёи Марказӣ дар ивази бозгардондани хонаводаҳои диишӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар интиқоли террористҳо аз Ховари Миёна ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мазнуни аслӣ аст, ин бор пешниҳоди бозгашти хонаводаҳои террористҳои диишӣ ба Осиёи Марказиро матраҳ кардааст.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Миллал ва дар дидор бо раисони ҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба онҳо пешниҳод доданд дар баробари бозгардондани шаҳрвандони диишии онҳо аз Ховари Миёна ба ин кишварҳо кумакҳои молӣ ироа кунанд.

Ба гуфтаи Алис Велз дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозгардондани хонаводаҳои террористҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

Алис Велз гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи идғоми дубораи хонаводаҳои ҷангҷӯёни хориҷӣ, ҳамсарон ва фарзандонашон дар хатти муқаддам қарор доранд. Қазоқистон тақрибан 600 зану кудакро ба кишвараш бозгардондааст ва Тоҷикистон ва Узбакистон низ муваффақ шудаанд садҳо хонаводаро бозгардонанд.

Бар асоси бархе оморҳо, шаҳрвандони беш аз 93 кишвар аз ҷумла Чечен, Чин, Тоҷикистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тунис, Арабистон, Туркия ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар байни террористҳои мустақар дар Сурия ҳузур доранд.

Ба гуфтаи мақомҳои Тоҷикистон, дар солҳои ахир беш аз ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба Ироқ ва Сурия рафта ва ба гуруҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ пайвастаанд, ки беш аз 500 нафари онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Беш аз 250 кудаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ ҳузур доштаанд, ки пеш аз ин 84 кудак аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.

Дар миёни бозгаштдодашудагон кудакони 1.5 то 15 сол ва бештар духтарон дида мешуданд. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин буд, ки бисёре аз кудакон фақат ба забони арабӣ метавонистанд суҳбат кунанд.

Барчасп