Октябр 01, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи пули дустӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пули наверо мавсум ба дустӣ дар марзи миёни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак ифтитоҳ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ин пул, ки тули он 12 метр ва арзи он 8 метр мебошад бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ва Акраммуҳаммад Умаров раиси вилояти Ботканд ифтитоҳ шуд, ки рафту омади сокинони ин минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистонро осон мекунад.

Барои сохти ин пул Тоҷикистон 75 ҳазор сомонӣ ва Қирғизистон 55 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки пули қадимӣ дар ин минтақа ҳашт моҳ қабл бар асари боришҳои баҳорӣ тахриб шуда буд ва мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохти пули нав бо мушорикати ду кишвар ба тавофуқ расида буданд, аммо танишҳои марзӣ миёни сокинони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон монеи тасриъ дар сохти ин пули иртиботӣ мешуд, ки инак талошҳои мақомоти ду кишвар ба самар нишасти.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки  вилояти Ботканди Қирғизистон 34 километр марзи муштарак дорад, ки то ба ҳол аломатгузорӣ нашудааст. Ин мавзӯъ муҷиби бурузи танишҳо ва ихтилофот миёни сокинони минтақаҳои марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ба иллати истифода аз манобеи об, роҳҳои иртиботӣ ва чарогоҳҳо мешавад.

Бо вуҷуди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир танҳо бар сари таъини 520 километр аз хутути марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шудааст.