Октябр 02, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Русия

Раисҷумҳури Узбакистон ба Русия сафар мекунад.

Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси Маҷлиси санои Узбакистон дар чаҳорумин нишасти Шӯрои бозаргонии Узбакистон ва Русия эълом кард, Шавкат Мирзиёев дар моҳи феврали соли 2020 мелодӣ ба Маскав сафар мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Сафоев афзуд, итминон дорам сафари қарибулвуқуи Шавкат Мирзиёев ба Москав дар таҳкими беш аз пеши равобити 2 кишвар гоми муҳиме хоҳад буд.

Муовини аввали раиси Маҷлиси санои Узбакистон хотирнишон кард, ҳамкориҳои дуҷониба байни Узбакистон ва Русия ҳамеша ҷанбаи хос дошта ва дар 3 соли ахир кайфияти ҷадиде пайдо кардааст.

Вай эълом кард, мубодилоти бозаргонӣ байни 2 кишвар тайи 9 моҳи гузаштаи соли ҷории мелодӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 10 дарсад афзоиш ёфта ва аз сатҳи 4 миллиард доллар фаротар рафта ва ҳаҷми сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Узбакистон беш аз 9 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар ҳоли ҳозир 961 гиркати муштараки русӣ дар Ӯзбакистон ва 560 ширкати муштараки узбакӣ дар русия фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозаргонии ин 2 кишвар дар 10 моҳи соли 2018 дар сатҳи 3 миллиарду 500 миллион доллар қарор гирифтааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2017 –и мелодӣ 26.3 дарсад бештар мебошад.