Афзоиши тақозои маҳсулоти ҳалол дар кишварҳои осиёӣ
(last modified Thu, 03 Oct 2019 12:00:32 GMT )
Октябр 03, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тақозои маҳсулоти ҳалол дар кишварҳои осиёӣ

Дар дувумин руз аз баргузории Конфронси байналмилалии «иқтисоди диҷитоли исломӣ» ва дувумин гирдиҳамоии байналмилалии «финтеки исломӣ» дар Малайзия аз афзоиши тақозои маҳсулоти ҳалол дар кишварҳои осиёӣ сухан ба миён омад.

Ин Конфронси байналмилалӣ аз рӯзи гузашта (9 меҳрмоҳ), оғоз шуд ва тайи 3 руз дар Малайзия баргузор мешавад.

Маркази рушди воҳидҳои фанноварии ҳунарҳои қуръонии ҷиҳоди донишгоҳӣ дар ин конфронс ва гирдиҳамоӣ ҳузур дорад ва дар бахше аз он дар бораи масоили молӣ, шеваи сармоягузорӣ ва дарёфти сармоя ба шеваи ҳалол суҳбат шуд.

Ҳамчунин вуруди ширкатҳои стартопӣ ба ин мақула аз дигар мавзуоти матраҳ дар ин конфронс буд. Ин ки дар кишварҳои исломӣ ҳамонанди Туркия, Ҳинд ва Малайзия чӣ иттифоқоте дар ҳавзаи иқтисод меафтад, мавзуи дигаре буд, ки мавриди тарҳу баррасӣ қарор гирифт.

Аз дигар мабоҳиси тарҳ шуда дар панели ин конфронс метавон ба ин мавзу ишора кард, ки ин гуна масоили иқтисодиро читавр бояд ҳидоят ва рафъ кард.

Дар ин конфронс таъкид шуд, ки ин бозор набояд ба Малайзия ва кишварҳои осиёӣ маҳдуд шавад. Дар ин бахш аз ин мавзу, сухан ба миён омад, ки бозори ҳалол бидуни вуҷуди иқтисоди диҷитоли ҳалол ва иттилооти марбут ба бозори ҳалол маъное надорад ва монанди хонаводае бидуни аъзо аст.

Дар бахши дигаре аз ин руйдод дар бораи зарурати ироаи маҳсулоти ҳалол дар дигар кишварҳои осиёӣ ва инки дар Ҷопон низ таҳиякунандагони маҳсулоти ғизоӣ ба ин самт ҳаракат мекунанд суҳбат шуд, ки нишон медиҳад, ин мавзуи мавриди тавваҷуҳ буда ва дар кишвари Ҷопон низ дунбол мешавад.

Коршиносони Хорватия дар ин робита тавзеҳ доданд, ки ин кишвар ба унвони нахустин кишвари аврупоӣ, исломро шинохт ва ба масоили исломӣ аҳаммият медиҳад. 45 дарсади мардуми ин кишвар аз ғизои ҳалол истифода мекунанд ва ин ба далели таблиғоте буда, ки сурат гирифтааст.