Дидори раиси Шӯрои федератсияи Русия бо раисиҷумҳури Узбакистон
Раиси Шӯрои федератсияи Русия, ки ба Тошканд сафар кардааст, бо раисиҷумҳури Узбакистони дидору гуфтугӯ кард.
Валентина Матвиенко, ки ба Тошканд сафар кардааст бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Форс, раисиҷумҳури Узбакистон дар ин дидор бар сатҳи болои равобити дустӣ, шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Узбакистон ва Русия таъкид кард.
Мирзиёев таъкид кард, ки тамосҳои мустамар ва пурсамар дар сатҳи олӣ, сафари раисиҷумҳури Русия ба Узбакистон дар моҳи октябри соли гузаштаи милодӣ ба ҳамкориҳои мутақобили ду кишвар ҷаҳиши тозае додааст.
Дар ин дидор ҳамчунин масоили рӯзи равобити дуҷониба, ҳузури фаъоли порлумонҳои ду кишвар дар иҷрои тавофуқот дар сатҳи олӣ ва пешбурди тарҳҳои авлавиятдор дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, навоварӣ, ҳамлу нақл, зироат, саноат, илму фаннӣ ва ҳамчунин тавсеъаи табодулоти омузишӣ ва фарҳангӣ ва инсонӣ баррасӣ шуд.
Тарафайн бар аҳамиияти таъмиқи беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалии порлумонӣ таъкид, карданд ва масоили рузи байналмилалӣ ва минтақаиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Матвиенко низ дар ин дидор аз раисиҷумҳури Узбакистон барои пазироии самимӣ ибрози қадрдонӣ намуд ва беҳтарин орзуҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро ба вай иблоғ кард.
Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак аз ҷумла 810 ширкати муштарак ва 151 ширкат бо саддарсад сармоягузориҳои сармоягузорони Русия фаъолият мекунанд.