Октябр 08, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси Тоҷикистон бо раиси  ҷумҳури Узбакистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо раиси ҷумҳурӣ ва раиси Маҷлиси сенати Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дафтари матбуотии маҷлсиси намояндагони Тоҷикистон дар дидори Шакурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон ду тараф аз раванди муносиботи ру ба рушди Тошканд-Душанбе ибрози ризоят карданд.

Зуҳуров гуфт, ин сафар нишонаи густардагии беш аз пеши равобити роҳбурдии ду кишвар аст.

Раиси ҷумҳури Узбакистон низ хостори тақвияти ҳар чи бештари ҳамкориҳои бештари ду кишвар шуд.

Пеш аз ин Шакурҷон Зуҳуров бо Танзила Норбоева раиси Маҷлиси сенати Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард, дар ин дидор масоил ва ҳамкориҳои парлумонии байни ду кишвар матраҳ шуд.