Октябр 10, 2019 08:54 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 9 миллиону 400 ҳазор долларии гоз аз Узбакистон ба Тоҷикистон

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз воридоти гоз аз Узбакистон ба Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли равон ба арзиши молии 9 миллиону 400 долларӣ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар бораи мизон ва нархи ҳар ҳазор метри мукааб гози воридотӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон оморе ироа накардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Узбакистон ба Тоҷикистон 54 миллион метри мукааб гоз содир карда буд.

Гози содиротии Узбакистон дар теъдоде аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз ҷумла ширкати алминиюми ин кишвар истифода мешавад.

Аммо дар бахши хонагӣ Тоҷикистон аз гози воридотии Узбакистон ба далелил маҳдуд будани ҳаҷм ва нархи болои он истифода намекунад.

Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар дохили ин кишвар истихроҷи гоз дар ҳоли коҳиш аст, чунончи аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 478 ҳазор метри мукааб гоз истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 25 дарсад коҳиш доштааст.

Пеш аз ин низ Шавкат Шоҳинзода муовини авали мудири ширкати интиқоли гози Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли равон қасд доранд аз Узбакистон 200 миллион метри мукааб гоз ворид кунанд, вале ин мақоми тоҷик дар бораи нархи ҳар ҳазор метри мукааб гози воридотӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон оморе ироа накардааст.