Омодагии аҳзоби сиёсии Қирғизистон барои интихоботи маҷлиси соли 2020
(last modified Thu, 10 Oct 2019 06:19:32 GMT )
Октябр 10, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Омодагии аҳзоби сиёсии Қирғизистон барои интихоботи маҷлиси соли 2020

Аҳзоби сиёсии Қирғизистон барои интихоботи маҷлиси соли 2020 эъломи омодагӣ карданд.

Аҳзоби сиёсии Қирғизистон дар ҳоле аз оғоз омодагӣ барои баргузории интихоботи парлумонии соли 2020 хабар медиҳанд, ки ҳизби «Республика-Отожурт», дувумин ҷиноҳи бузурги парлумони ин кишвар, эълом кардааст, ки тасмим надорад бо ҳайати кунунии худ дар ин интихобот ширкат кунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс ,интихоботи парлумонии пешини Қирғизистон, дар соли 2015 баргузор шуд ва дар натиҷаи он намояндагони аҳзоби «Сотсиал демократ», «Республика-Отожурт», «Қирғизистон», «Анго Прогресс», «Бирбол» ва «Ота-мекин» вориди маҷлис шуданд,аммо дар ҳоли ҳозир ҳизби «Республика-Отожурт» мегӯяд ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки оё бо аъзои кунунӣ дар ин интихобот ширкат кунад ё на  ва раҳбари ин ҳизб низ дар ҳоли ҳозир номаълум аст. Аҳзоби « Республика » ва « Отожурт » , ки дар остонаи интихоботи соли 2014 эътилоф ташкил дода буданд, ҷойгоҳи дуввум дар ин интихоботро касб кард, аммо ҳоло тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи соли 2020 ба сурати ҷудогона ширкат кунанд. Мақомот низ аз мушорикати ҳизби « Республика » дар интихоботи соли оянда иттилоъ надоранд; Пештар низ ҳизби «Қирғизистон» аз ширкат дар интихоботи маҷлиси соли 2020-и ин кишвар хабар дода буд.Аммо интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон дар соли оянда бисёр печидааст, то ҷое, ки то кунун даргириҳои ошкоре байни рақибон рух додааст. Муҳаммадқолӣ Абдулғозиев, нахуствазири Қирғизистон низ дар нишасти ҳукумат, аз ҷудо кардани будҷаи 1.2 миллиард сумӣ (17 миллион доллар) барои баргузории интихоботи парлумони ин кишвар хабар дод.