Октябр 10, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Чордаҳ иттиҳом алайҳи раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон

Манбаъҳои хабарии Бишкек аз матраҳ шудани 14 иттиҳом алайҳи Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон хабар доданд.

Дар ҳоле иттиҳомҳо алайҳи Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқ ва маҳбуси Қирғизистон матраҳ шуда аст,ки таҳқиқот дар заминаи бархе парвандаҳои Ӯ ба итмом расида ва қарор аст, дар ояндаи наздик ин санадҳо ба додгоҳ ироа шаванд.

Муҳимтарин иттиҳомҳое,ки ба Алмосбек Атамбоеви 63 сола ворид шуда аст, шомили, парвандаи озодии ғайри қонунии Азиз Батукаев, парвандаи  арзаи ғайри қонунии ангишт санг ба нерӯгоҳи ҳароратии Бишкек,  парвандаи моликияти ғайри қонунии замин дар рӯстои Кой -Таш, парвандаи шуриш дар Кой - Таш, парвандаи ғанисозии ғайриқонунӣ ва судури муҷавиз барои маъдани Тирик Сой ва парвандаи муомилаи ғайри қонунӣ барои фуруши анҷумани NPF LLC аст.

Ин парвандаҳо аз пеш аз боздошти Атамбоев низ матраҳ шуда буд. Ҳамчунин ба назар мерасад,ки давлати Бишкек талош мекунад бо бузургнамоии ин парвандаҳо, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистонро ба зиндони балан дмудат мутаҳам созад.

Дар миёни парвандаҳои таҳия шуда тавассути давлати Бишкек, танҳо мавзуи мушорикати мустақими Алсомбек Атамбоев дар заминаи озодии Азиз Батукоев,ки ба эъмоли ҷиноӣ мутаҳам ва зиндонӣ шуда буд, зикр шудааст. Дар воқеъ, ин танҳо парвандаи ҷиноие аст,ки дар он Алмосбек Атамбоев ба таври расмӣ ва ба муҷиби маводи 43 ( ҳамдастӣ ) ва 319 ( фасод ) қонуни  ҷазои ҷумҳурии Қирғизистон мутаҳам шудааст.

Орозбек Апунёев раиси кумитаи амнияти миллиӣ Қирғизистон,ки андаке пас аз интихоби Сурунбой Ҷинбеков ба симати раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба ин симат мансуб шудааст, дар нишасти матбуотии худ бо ишора ба даргириҳо дар рӯстои Кой Таш, иддао карда буд; Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон қасди сарнагун кардани давлати Ҷинбековро дошт.

 Ин иддао дар ҳоле матраҳ шуда,ки Алмосбек Атамбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон ҳомии аслии Ҷинбеков дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии собиқи Қирғизистон дар соли 2017 милодӣ буд.

Дар сурати фиқдони ҳимоятҳои Атамбоев, баъид буд,ки Ҷинбекуф дар марҳалаи нахуст ба унвони мунтахаби мардуми ин кишвар ба кохи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон роҳ меёфт. Бо вуҷуди ин ҳимоятҳо, дунёи  сиёсат рӯи дигари сикаро ба раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон нишон додааст.

Ба ҳамин далел аст,ки Димитрий Арлов коршиноси машҳури Русия ва мудири кули маркази таҳлилии стратегии Шарқ ва Ғарб, тобистони гузашта иқдомҳои намояндагони маҷлиси миллии Қирғизистонро як намоиши мазҳакаи ,сиракӣ бо асбҳо ва дилқак хондааст. Ин коршиноси рус ба забони танз гуфт;

Дафтари додситони кул бояд бузургтарин гомро дар таърихи ҳуқуқии Қирғизистон бардорад. Зеро намояндагони маҷлиси миллии Қирғизистон, таи 6 рӯз 9 достони ҷиноиро баррасӣ карданд то битавонанд зимни маҳрумияти сиёсии Атамбоев, ба таътилот бираванд.

Арлов ҳамчунин гуфтааст, тамоми намояндагони маҷлиси миллиӣ Қирғизистон дар замони вуқуъи иттиҳомҳо алайҳи Атамбоев ҳузур доштанд, аммо сукут карданд ва акнун ҳамаи онҳо ба унвони муътариз ба сиёсатҳои раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон мавзеъгири мекунанд, дар воқеъ чунин иттиҳомҳо сохтагӣ аст.

Алмосбек Атамбоев чорумин раиси ҷумҳурии Қирғизистон пас аз истиқлоли ин кишвар буд,ки аз соли 2011 то соли 2018 милодӣ, замоми умури Қирғизистонро ба уҳда дошт, аммо бо рӯи кор омадани Ҷинбеков, вай зимни ҳазфи тамоми сиёсатмадорони наздик ба Атамбоев, акнун ба манзури ҳазфи худ Ӯ низ аз арсаи сиёсии Қирғизистон талош мекунад.