Имзои 10 санади ҳамкорӣ дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд дар Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i47460-Имзои_10_санади_ҳамкорӣ_дар_нишасти_сарони_кишварҳои_ҳамсуд_дар_Туркманистон
Нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ (ҳамсуд) имрӯз дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 11, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Имзои 10 санади ҳамкорӣ дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд дар Туркманистон

Нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ (ҳамсуд) имрӯз дар шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси иттилооти Кумитаи иҷроиии кишварҳои мустақили ҳамсуд, сарони ин муассисаи байналмилалӣ барномаи ҳамкории кишварҳо дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро дар солҳои 2020-2022 баррасӣ карданд.

Дар ин нишаст руасои Ҷумҳурии Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Белорус ва мақомоти Кумитаи иҷроии ин созмон ҳузур доштанд.

Дар поёни ин нишаст беш аз 10 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзои сарони ширкаткунанда расид ва раёсати ин иҷлос барои соли 2020 ба Узбакистон вогузор шуд.