Октябр 12, 2019 14:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои Муштаракул манофеъ бо якдигар дидор карданд.

Ба нақл аз Ховар, ин ду раиси ҷумҳур дар шаҳри Ишқобод пойтахти Туркманистон ва дар ҳошияи Иҷлоси   сарони кишварҳои Муштаракул манофеъ бо якдигар дидор карданд.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хушҳолӣ аз имкони дидор ва гуфтугӯи тоза бо Шавкат Мирзиёев гуфт, ин гуна барномаҳо ба таҳкими мушорикати роҳбурдии ду кишвар кумак мекунад.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин мулоқот дар бораи мавзӯъҳо ва тавофуқоти гузашта дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар карданд.