Муаррифии сафири ҷадиди Эрон дар Узбакистон
(last modified Mon, 21 Oct 2019 13:52:16 GMT )
Октябр 21, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии сафири ҷадиди Эрон дар Узбакистон

Ҳамиди Найирободӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд дар дидори вазири умури хориҷаи Узбакистон рӯнавишти устуворномаи худро таслими вай кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор, ки пас аз таҳвили рӯнавишти устуворнома анҷом гирифт, таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир байни Узбакистон ва Эрон равобити муассир ва пуртаҳаррук, мабнӣ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн барқарор шудааст.

Тарафайн дар ин дидор бар афзоиши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва гардишгарӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тошканд ва Теҳрон таъкид карданд.

Дар поёни ин дидор вазири умури хориҷаи Узбакистон барои сафири Эрон дар Тошканд орзуи муваффақият кард.

Баҳмани Оқоразӣ, сафири қаблии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон буд.

Пас аз поёни маъмурият Алии Мардонифар, сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд, Баҳмани Оқоразӣ ба унвони сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон мансуб шуда буд, ки акнун ҷойи худро ба Найирободӣ супурдааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқлоли Узбакистонро дар таърихи 25 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохта ва дар таърихи 10 майи соли 1992 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шудааст.