Октябр 24, 2019 11:11 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бонки ҷаҳонӣ барои баррасии содироти гози Туркманистон ба Аврупо

Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар Ишқобод аз омодагии ин муассисаи молии байналмиллалӣ барои баррасии мавзӯи содироти гози тавлиди Туркманистон ба Аврупо хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Александер Ҳурдиман, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар масоили мубодилоти энержӣ дар конфронс ва намоишгоҳи нафту гози Туркманистон-2019 дар шаҳри  Ишқобод аз чашмандозҳои ҳамкории давлати туркман ва Бонки ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай Бонки ҷаҳонӣ омодагии комил барои музокирот бо Туркманистон дар заминаи содироти гоз ба Аврупоро дорад.

Ҳурдиман гуфт, Туркманистон яке аз кишварҳои дорои бештарин захираҳои гозӣ аст ва бахши бузурге аз гози тавлиди Ишқобод ба Чин содир мешавад.

Вай идома дод, ҳамчунин ба тозагӣ содироти гоз ба Русия дубора роҳандозӣ шуд, аммо табодули гоз байни Туркманистон ва Русия бисёр кам шудааст.

Ин мақом тасреҳ кард, мавзӯи содироти гози тавлиди Туркманистон ба Аврупо борҳо матраҳ шуда, аммо дар ин замина ҳеҷ иқдоме амалӣ нашуда, аммо бо имзо шудани конвонсиони вазъияти ҳуқуқии баҳри Хазар имконоти лозим барои оғози ҳамкории Ишқобод ва Аврупо ба вуҷуд омаданд.