Сентябр 26, 2016 11:12 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Имкони инқилоби рангӣ дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад

Андрея Меналия, устоди донишгоҳҳои давлатии Русия гуфт: Шароити Осиёи Марказӣ ва таҳаррукоти Амрико багунае аст, ки ҳар лаҳза эҳтимоли вуқуи инқилобҳои рангӣ дар ин минтақа вуҷуд дорад.

Ба иттилои Ирно, Андрея Меналия дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутники Русия бо баёни инки Амрико барои заиф кардани Русия дар Осиёи Марказӣ талош мекунад, афзуд: Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мисли собиқ фишори Амрикоро эҳсос мекунанд .

Ин устоди донишгоҳҳои Русия иддао кард, ки имкони вуқуи инқилоби махмалӣ бо муҳтавои исломӣ дар Тоҷикистон дур аз интизор нест, аммо агар чунин инқилобе рух диҳад, пойгоҳи 201-и рус дар он дахолат хоҳад кард .

Меналия дар айни ҳол афзуд: Бадалели даргузашти Ислом Каримов ва набуди ҷонишине аз хонаводаи вай барои идомаи ҳукумат бар Узбакистон, эҳтимоли бурузи инқилоб дар ин кишвар бештар аст .

Ба гуфтаи Меналия, дар Узбакистон ҳукумат дар дасти афродест, ки ҳечкадом нақши раҳбарӣ надоранд ва аз ин рӯ имкони вуқуи анвои таҳдидҳо ва хатарҳо дар ин кишвар вуҷуд дорад .

Ин устоди донишгоҳҳои Русия тасреҳ кард: Узбакистон ҷамъияти зиёд ва манобеи ғании зеризаминии зиёде дорад ва ин ду омил Амрикоро таҳрик кардааст, ки барои нуфузи худ аз гурӯҳҳоӣ мухолифи давлат ҳимояти молӣ кунад .

Меналия пешбинӣ кард, ки давлати Амрико пулҳои зиёдеро дар ҳимоят аз гурӯҳҳои мавриди назари худ дар интихоботи чаҳоруми декабр ворез кунад.