Октябр 26, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди ҳабси раисҷумҳури собиқи Қирғизистон

Дастгоҳи қазоии Қирғизистон муддатзамони ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишварро барои ду моҳи дигар тамдид кард.

Ба гузориши “Франс Пресс”, вакили Алмосбек Отамбоев рӯзи шанбе бо ишора ба ин ки додгоҳи Қирғизистон муддати ҳабси вайро то ду моҳи дигар тамдид кардааст, гуфт, Отамбоев дастикам то 26 декабр дар зиндон хоҳад монд ва пас аз он дастгоҳи қазоӣ дар бораи тамдиди муҷаддади ҳабси вай тасмимгирӣ хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев бо худдорӣ аз ҳузур дар ҷаласаи додгоҳ, онро ба намоишӣ будан маҳкум кардааст.

Отамбоев, ки моҳи август дастгир шудааст ва акнун дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар ба сар мебарад, аз декабри соли 2011 то ноябри соли 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд.

Алмосбек Отамбоев ба фасоди моливу идорӣ муттаҳам аст.

 

Барчасп