Ноябр 08, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Русия: Афғонистон - пойгоҳи террористҳо барои ҳамла ба кишварҳои ИДМ

Раиси Созмони амнияти федералии Русия эълом кард, Афғонистон ба пойгоҳи террористҳо барои ҳамла ба кишварҳои узви ИДМ табдил шудааст.

Александр Бортников бо баёни ин матлаб афзуд, фаъолият ва таҳаррукоти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон бештар шудааст ва онҳо саъй доранд, дар ин кишвар пойгоҳҳое барои пешравӣ ва ҳамла ба кишварҳои ИДМ эҷод кунанд. Вай афзуд: “Барои ин манзур террористҳо атбои кишварҳои Осиёи Марказиро пайрави худ мекунанд. Сарони ДИИШ ин воқеиятро дарк мекунанд, ки ҷанг дар Ироқ ва Сурияро бохтаанд ва ба ҳамин хотир Ховари Миёнаро ба зуди тарк мекунанд ва саъй доранд, дар манотиқи ҷадиде ҳузури худро таҳким бахшанд”.

Гуфтанист, шумори аъзои ДИИШ дар байни атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта ва дар солҳои ахир теъдоди зиёде аз атбои ин кишварҳо дар Русия ба ҷурми узвият ё ҳамкорӣ бо ДИИШ тавассути нерӯҳои амниятӣ дастгир ё кушта шудаанд.

 

Барчасп