Пешбинии рушди 4.5 дарсадии иқтисод барои кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Mon, 11 Nov 2019 05:03:13 GMT )
Ноябр 11, 2019 10:03 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии рушди 4.5 дарсадии иқтисод барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Сандуқи байналмиллалии пул пешбинӣ кард, ки иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз дар солҳои 2019 ва 2020 дар маҷмуъ ба мизони 4.5 дарсад рушд хоҳад ёфт.

Сандуқи байналмиллалии пул ҳамчунин аз ин кишварҳои узви Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ хост, ки рақобатпазирии иқтисодиро баланд бардоранд ва ба таври муассиртаре аз мазиятҳои табиии кишвраҳои худ истифода кунанд ва барои баҳра бурдан аз тиҷорат дар чархаҳои арзиши ҷаҳонӣ, дар иқтисодҳои худ танаввуъ эҷод кунанд.

Ба нақл аз ИРНО, гузориши Сандуқи байналмиллалии пул кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои Арманистон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Қафғозро дар бар мегирад.

Ин гузориш меафзояд, бо вуҷуди заифтар шудани тиҷорат интизор меравад, ки рушди куллӣ дар ин минтақа дар солҳои 2019 ва 2020 дар ҳудуди 4.5 дарсад боқӣ бимонад, ки иллати он то ҳадди зиёде мулоим шудани мавзеи молӣ ва рушди эътибории бахши хусусӣ аст.

Юҳа Каконен мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қафғоз дар Сандуқи байналмиллалии пул гуфт, чолиши бузург барои кишварҳои ин минтақаҳо эҷоди иштиғол ва анҷоми ислоҳот барои таҳрики фаолияти иқтсиодӣ аст.