Ноябр 29, 2019 20:01 Asia/Dushanbe
  • Бозгардонидани 14 кӯдаки қазоқистонӣ аз Ироқ

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз баргардонидани 14 кӯдак аз Ироқ, ки волидайни онҳо дар гурӯҳҳои террористӣ ширкат доштанд, хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, бар асоси иттилои Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон, ин шаҳрвандони хурдсоли қазоқ ба ҳамроҳи модарони худ дар зиндонҳои Ироқ, ба далели ҳузур дар гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоли муҷозот буданд. Ин иқдоми башардӯстона ба дархости модарон ва бастагони фарзандон, бо ҳамкории наздик бо теъдоде аз ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои ғайридавлатии дохилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тавассути Вазорати умури хориҷа анҷом шуд.

Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт: “Мо аз мақомоти ироқӣ ва ҳамаи афрод ва созмонҳои дахил дар иҷрои ин амалиёт ба хотири кумак ва пуштибонии ироашуда ташаккур ва қадрдонӣ менамоем”.

Бар асоси гузориши Вазорати хориҷаи Қазоқистон, ин кӯдакон баъд аз мароҳили давраи тавонбахшӣ ба ақвоми худ хоҳанд пайваст.

Бозгардонидани ин кӯдакон дар ҳоле аст, ки ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доштанд, ки бархе аз ин афрод дар ин даргирҳо кушта шуданд ва теъдоде аз онҳо низ ба Афғонистон мунтақил шудаанд.