Сентябр 27, 2016 10:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд барқи Осиёи Марказиро таъмин кунанд

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон таъкид кард, ин кишвар ва Тоҷикистон бо сохти нерӯгоҳҳои ҷадиди барқӣ- обӣ метавонанд барқи мавриди ниёзи Осиёи Марказиро таъмин кунанд.

Ба гузориши Маркази итилоърасонии Созмони милали муттаҳид, Эрлан Абдилдаев дар суханронии худ дар ҳафтодуякумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, кишварҳои Осиёи марказӣ бояд бар сари истифодаи муштарак аз захоири обу энержии ин минтақа ба тавофуқ барисанд. Зеро раванди рушди пойдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда ба сохти нерўгоҳҳои бузурги барқӣ- обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бастагӣ дорад, ки захоири азими тавлиди ин навъи энержии арзон ва барои муҳити зист безиёнро дар ихтиёр доранд.

Аз дидгоҳи вазири умури хориҷаи Қирғизистон барои истифода аз ин захоири тавлиди барқ дар минтақа набояд монеътарошӣ шавад, зеро ки раванди ба баҳрабардорӣ расонидани тарҳҳои сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистонро тӯлонӣ мекунад.

Ҳамчунин Абдулазиз Комилов, Рашид Муродов ва Сироҷиддин Аслов, вазирони умури хориҷаи Ӯзбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон низ дар ҳафтодуякумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк бар зарурати ваҳдати назари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ихтилофоти хеш бар сари истифода аз захоири обу энержии минтақа таъкид карданд.