Декабр 05, 2019 15:44 Asia/Dushanbe
  • Тамҳидоти лозим барои табодулоти моливу бонкии Қирғизистон бо Эрон

Вазири ҳамлу нақл ва роҳи ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард, тамҳидоте барои табодулоти моливу бонкӣ бо Эрон меандешем.

Вазири ҳамлу нақл ва роҳи ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард: “Қирғизистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бо Эрон алоқаманд аст ва барои ҳамкориҳои моливу бонкӣ бо ин кишвар ба дунболи андешидани тамҳидоте ҳастем то битавонем ин корро бидуни мушкил анҷом диҳем”.

Ба гузориши Хабаргузории Иқтисоди Эрон, Ҷанат Бешенов дар нишасти хабарии имзои санади комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Қирғизистон гуфт: “Барои мо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталифи тиҷорӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, моливу бонкӣ, нафт, газ ва петрошимӣ ва ғайра аҳамияти бисёр болое доранд ва алоқамандем то дар ин ҳавзаҳо равобитамонро бо Эрон густариш диҳем”.

Вай дар бораи созукори андешидашуда дар ҳавзаи ҳамкориҳо ва табодулоти бонкиву молӣ бо Эрон изҳор дошт, табодулоти моливу бонкӣ байни ду кишвар аҳамияти вижае дорад ва ҳамчунон барои андешидани созукорҳои он дар музокираи дуҷониба ҳастем, зеро ду тараф бояд онро ба сурати дақиқ баррасӣ ва мутолеа кунанд ва тадобире барои он биандешанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, яке дигар аз бахшҳои муҳиме, ки мо онро дархост кардаем, густариши таомулоти тиҷорӣ байни ду кишвар ва истифода аз вазъиятҳои бандари Эрон дар ростои тавсеаи транзит аст, ки дар ин бора ба сурати муҷаззо бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон баҳсу баррасиҳои бисёре анҷом шудааст ва ин масъала барои мо аҳамияти зиёде дорад.