Декабр 14, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Воми як миллион Евраиӣ Ожонси байналмиллалии Энержии атомӣ ба Узбакистон

Манбаъҳои хабарӣ аз тасмими Ожонси байналмилаллии Энержии атомӣ барои ихтисоси воми як миллион Евраи ба Узбакистон дар оянда хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ожонси байналмилаллии Энержии атомӣ чор тарҳро барои иҷро дар Узбакистон таи солҳои 2020 ва 2021 ба арзиши беш аз як миллион Евра ба тасвиб расонд.

Ин тарҳҳо барои афзоиши потенсионали фаннӣ ва манобеи инсонӣ, тавсиаи зербиноии ҳастаӣ, таҳкими амнияти ҳастаӣ ва ташаъшуъи таъсисоти ҳастаии Узбакистон дар назар гирифта шудааст.

Қарор аст намояндагони Ожонси байналмиллалии Энержии атомӣ дар соли 2020и милодӣ барои бозррасии зербиноҳои ҳастаии Узбакистон ба ин кишвар сафар кунанд.