Декабр 15, 2019 10:32 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани авф барои маҳкумони парвандаҳои фасод дар Туркманистон

Бо тасвиби қонуни нав зидди фасод, маҳкумони парвандаҳои фасод дар Туркманистон дигар авф намешаванд.

Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркиманистон қонунеро, ки зиндониёни маҳкум ба фасодро аз авф маҳрум мекунад, имзо кард.

Бар мабнои ин қонун зиндониёни маҳкум ба фасод дар Туркманистон низ ҳамчун зиндониёни маҳкум ба парвандаҳои қочоқи маводи мухаддир, ки аз соли 2015 аз авф дар ин кишвар маҳрум шудаанд аз авф бархурдор нахоҳанд шуд.

Авфи зиндониён солона чандин бор ва маъмулан дар муносибатҳои бузурги миллӣ дар Туркманистон сурат мегирад.

Ин иқдом ду моҳ пас аз он сурат гирифта, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон вазири кишвари худро, ки ба ихтилос муттаҳам буд ихроҷ кард ва ба Шурои амнияти кишвараш дастур дод пешнависи барномаиро дар мубориза бо фасод ироа кунанд.