Декабр 23, 2019 21:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Узбакистон

Раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Мирзо Улуғбек Абдусаломов, раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон гуфт, рӯзи якшанбе дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар, 67.8 дарсад ё 13 миллиону 963 ҳазору 627 нафар ширкат карданд.

Вай таъкид кард, дар ин интихобот аз Либерал-демократи Узбекистон 43 нафар, аз ҳизби “Миллӣ Тикланиш” ё “Эҳёи миллӣ” 35 нафар, аз ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон  ё «Адолат» 21 нафар, аз Ҳизбии мардумии демократӣ 18 нафар ва аз ҳизби экологии Узбакистон 11 нафар ба унвони намояндаи Маҷлиси Олии Узбакистон интихоб шуданд.

 Абдусаломов идома дод, намояндагони Маҷлиси Олӣ дар 128 ҳавзаи интихоботӣ бо касби раъй кофӣ ба унвони намояндаи парлумон интихоб шуданд ва дар 22 ҳавзаи интихоботии дигар номзадҳо раъй кофӣ ба даст наоварданд бад-ин далел, даври дуввуми интихобот дар ин 22 ҳавзаи интихоботӣ пас аз 2 ҳафта баргузор мешавад.

Раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон изҳор дошт, дар интихоботи парлумонии соли ҷории милодӣ тақрибан 140 ҳазор нозири дохилӣ ва беш аз 825 нозири байналмилалӣ аз 10 созмони байналмилалӣ ҳузур пайдо карданд, ҳамчунин як ҳазору 155 нафар аз намояндагони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ интихоботи парлумониро ба таври муназзам пӯшиш доданд.

Ҳамакнун дар Узбакистон 5 ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби халқӣ-демократии Узбакистон, Ҳизби либерал-демократии Узбакистон, Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба таври расмӣ сабт шудааст.

Парлумони ду маҷлисӣ дар Узбакистон нахустин бор дар соли 2005 ташкил шуд.