Январ 06, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби либерал-демократи Узбакистон пирӯзи интихоботи парлумонӣ

Ҳизби либерал-демократии Узбакистон пирӯзи интихоботи парлумонӣ шуд.

Раиси Комиссияи интихоботи Узбакистон аз пирӯзии Ҳизби либерал-демократи ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Мирзо-Улугбек Абдусаломов афзудҲизби либерал-демократ бо касби 53 курсӣ аз 150 курсии парлумон, бузургтарин ҷиноҳи маҷлис хоҳад буд. Ҳизби демократи растохези миллӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Адолат, ҳизби демократи мардум ва Ҳизби экологии Узбекистонниз ба тартиб 36, 24, 22 ва 15 курсии парлумонро аз они худ карданд.

Интихоботи парлумонии Узбакистон аввали дай баргузор шуд. Ин нахустин интихобот пас аз тасвиби қонуни ҷадиди интихобот ва аввалин интихоботи парлумонӣ дар даврони раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев аст.

Дар ин интихоботи ҳафтсаду панҷоҳ номзад аз 5 ҳизби сиёсии аслии Узбакистон барои касби 150 сандалии маҷлис ба рақобат пардохтанд.

Беш аз 600 нафар аз Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Анҷумани ҷаҳонии интихобот, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, кишварҳои ИДМ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон бар ин интихобот назорат доштанд.

140 маркази раъйгирӣ ва 10 ҳазору 260 сандуқ барои 20 миллиону 515 ҳазору 710 воҷиди шароити раъй додан тадорук дида шуда буд.