Баргузории ойини бузургдошти шаҳид Сулаймонӣ дар сарконсулгарии Эрон дар Қазоқистон
Бузургдошти сардори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш бо ҳузури ҷамъе аз эрониёни муқим, фаъолони иқтисодӣ ва масъулони маҳаллӣ дар сарконсулгарии Эрон дар Қазоқистон баргузор шуд.
Ба нақл аз ИРНА, Малакутифар, Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қазоқистон дар ин маросим иқдомҳо ва хидматҳои сардори шаҳид Сулаймониро барои иттиҳоди мусалмонон бисёр муҳим донист ва гуфт, абъоди густардаи ҷиноятҳои давлати Амрико дар террори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамчунин маҳбубияти ӯ дар байни мардуми Эрон ва минтақа муҷиб шуд то ҳамаи ҳизбҳо ва гурӯҳҳои дохилии кишвар нисбат ба ин ҷиноят вокуниш нишон дода ва онро маҳкум кунанд.
Ӯ гуфт,; чеҳраи мардумӣ ва солиёни дарози муҷоҳид сардор шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ дар роҳи Худо боис шуд то шаҳодати ӯ низ муҷиби ваҳдати беш аз пеши ҳамаи мардуми Эрон шавад.