Январ 16, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Вакили маҳалии Қирғизистон ; Тоҷикистон муқасири мушкилоти марзӣ аст

Як вакили маҳалӣ дар устони Ботканди Қирғизистон, намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро муқасири мушкилоти марзӣ эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи қирғизии 24 , Сафаралӣ Борубоев , намояндаи мардум дар Маҷлиси шаҳрии Катрон рӯзи гузашта дар таҷамуъи эътирозӣ дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон эълом кард давлатмардони кишвараш таҳтитаъсири таҳарукоти Тоҷикистон дар масоили марзӣ ҳар бор гузашт мекунанд.

Сафаралӣ Борубоев гуфт; ҳукуматдорони Тоҷикистон дар хати марзи муштарак ба иқдомҳои таҳрикомез даст мезананд, дар муқобил ҳукуматдорони мо танҳо корашон ин аст, ки сокинони муътаризи минтақаҳои марзиро саркуб кунанд.

Ин иддаои вакили Маҷлиси маҳалии Қирғизистон дар ҳоле аст,ки таи рӯзҳои гузашта мақомоти қирғиз ва тоҷик ба чандин тавофуқ дар масоили марзӣ даст ёфтанд.

Ба назар мерасад дар масоили марзӣ бо Тоҷикистон ду дастагӣ дар ҷомиъаи Қирғизистон ҳоким шудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 971 киллометри марзи муштарак доранд ,ки 519 киллометр аз он ҳамчунон мавриди ихтилофи ду кишвар аст.