Январ 16, 2020 14:18 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси 15 Ҳизби нав дар Қирғизистон

Камисиюни марказии интихоботии Қирғизистон аз таъсиси 15 Ҳизби нав дар ин кишвар дар соли 2019 хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Камисиюни марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи чоршанбе беишора ба номи Ҳизбҳои нави ташкилшуда эълом кард, Ҳизбҳое,ки алоқаманд ба ширкат дар интихоботи парлумонии 2020 ҳастанд, ҳарчанд сариътар сабти ном кунанд.

Бар асоси қавонини Қирғизистон Ҳизбҳои ин кишвар бояд ҳадиақал 9 дар сад ороро барои вурӯд ба парлумон бадаст оваранд.

Қарор аст интихоботи парлумонии Қирғизистон дар чоруми октиябри 2020 баргузор шавад.