Январ 17, 2020 15:46 Asia/Dushanbe
  •  Тақвияти пойгоҳи Русия дар Қирғизистон

Вазорати дифои Русия аз интиқоли ҷадидтарин таҷҳизоти низомӣ ба пойгоҳи низомии “Кант” дар Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, имконоти ҷангандаҳои ҷадиди “Су- 25 АМ-3” –и русӣ, ки дар Қирғизистон мустақар шудааст, дар муқоиса бо намунаҳои қаблӣ короии бештаре дорад.

Тақвияти пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ҳамзамон бо изҳороти мақомоти низомии рус дар бораи афзоиши таҳдидоти ношӣ аз гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон сурат мегирад.

Бо ин иқдом Русия омодагии худро барои дифоъ аз марзҳои ҷанубӣ нишон медиҳад.

Пойгоҳи Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон мутааллиқ ба нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аст ва ҳадафи он таъмини амнияти ҳарими ҳавоии аъзои ин созмон аст.

Дар ин пойгоҳ ҷангандаҳо ва болгардҳои низомии мухталифе қарор доранд.

 

Барчасп