Январ 18, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Мақоми қирғизистонӣ: фуруши заминҳои марзӣ ба тоҷикон хиёнат аст

Муовини нахуствазири Қирғизистон фуруши замин ба тоҷиконро дар минтақаҳои марзи муштарак бо Тоҷикистон хиёнат донист.

Ба нақл аз сомонаи 24.Kg, Жениш Раззоқов пас аз музокироти ахири марзӣ бо Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст дар ҳоле, ки нишонагузории марзи муштараки ду кишвар ниҳоӣ нашудааст сокинони вилояти Ботканд заминҳои зиёдеро ба сокинони ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд фурухтаанд, ки раванди таини хатҳои сарҳадиро печидатар мекунад.

Муовини нахуствазири Қирғизистон бар ин асос таъкид кард, ки фуруши заминҳои ин минтақа ба тоҷикон барои Қирғизистон, ки кишваре кӯҳистонӣ ва кам замин аст, хиёнат ба шумор меравад.

Вай аз шаҳрвандони кишвараш, ки заминҳои худро ба тоҷикон фурухтаанд ба унвони хиёнаткор ёд кард ва гуфт, дар шароити камбуди замин ва чарогоҳ, ки муҷиби даргирӣ ва таниш бо сокинони рустоҳои тоҷикнишин дар минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар мешавад, фуруши замин бояд ба унвони хиёнат ба ватан арзёбӣ шавад.

Дар паи музокироти ахири марзӣ миёни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон тарафҳо вазифадор шуданд 114 километр аз марзи муштараки ду кишварро, ки бар сари он тавофуқ шудааст нишонагузорӣ ва дар муддати як моҳ дар парлумонҳои ду кишвар тасвиб кунанд.

Ҳамчунин қарор шуд мавзӯи иваз кардани бархе минтақаҳои мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба шакли шатранҷӣ дар қаламрави ин ду кишвар воқеъ шудааст, то рӯзи аввали моҳи марти соли 2020 ниҳоӣ шавад.

Барчасп