Январ 22, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон номи ду минтақаро барои муовиза бо Тоҷикистон эълом кард

Муовини нахуствазири Қирғизистон аз мушаххас шудани ду минақаи ин кишвар дар ноҳияи Ботканд, барои муовиза бо Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи 24.Kg, Жениш Раззоқов дар нишасти Кумитаи умури амният ва дифои Парлумони Қирғизистон гуфтааст, ки ин мавзӯъ дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон, ки имрӯз (чоршанбе) дар Бишкек баргузор мешавад, ниҳоӣ хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, манотиқи Ариқ-Аста дар рустои Оқсой ва Самарқандак дар рустои Самарқандаки ноҳияи Ботканд бо тавофуқ бо тарафи Тоҷикистон муовиза хоҳад шуд, ки ин кор масири ҳаракати атбои қирғиз ва тоҷикро мустақим мекунад ва ниёзе барои вуруди онон ба қаламрави кишварҳои якдигар боқӣ намемонад.

Ба гуфтаи Раззоқов, тарафҳо бар сари аломатгузории 114 километр аз марзи муштарак бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.