Январ 29, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои дуҷониба - меҳвари музокироти мақомоти Узбакистон ва Беларус

Нишасти давраии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Узбакистон ва Беларус дар шаҳри Минск баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, Илҳом Неъматов, муовини аввали вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Андрей Евдаченко, муовини аввали вазири умури хориҷаи Беларус раёсати ҳайатҳои ду кишварро бар ӯҳда доштанд.

Дар ин музокирот равобит байни Узбакистон ва Беларус дар соли гузаштаи мелодӣ баррасӣ ва барномаҳо барои тавсеаи беш аз пеши он дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамаҷониба таъйин шуд.

Тарафайн ҳамчунин бар аҳамияти таъмиқи гуфтугӯҳои сиёсӣ ва ташдиди ҳамкориҳои мутақобил дар тамоми заминаҳои мавриди алоқа таъкид карданд.

Ду тараф бар оҳанги муассири равобити иқтисодӣ ва бозаргонӣ ишора карданд, зимни ин ки дар 11 моҳи соли 2019 мелодӣ мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар сатҳи 297 миллион доллар қарор гирифтааст.

Тарафайн ҳамчунин масоили раёсати Узбакистон ба ҷомеаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ баррасӣ карданд.

Тарафи Беларус аз ин тасмими таърихӣ, ки тавассути раисҷумҳури Узбакистон пазируфта шуд, истиқбол кард.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Беларус дар соли 2018 мелодӣ бо 130 дарсад афзоиш дар сатҳи 419 миллиону 900 ҳазор доллар қарор гирифтааст.