Январ 30, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Назорати бештар ба фаолияти Созмонҳои ғайри давлатии Қирғизистон

Ба фаолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон назорати бештар мешавад.

Ба нақл аз Форс, қонуни мазкурро  Бокитбек Раҳимқулов намояндаи парлумон ироа кард ,ки ба назари вай Созмонҳои ғайридавлатӣ бояд ба Ниҳодҳои давлатӣ иттилооти комил марбут ба ҳомиён ва ҳазинаҳои худро ироа диҳанд.

Раҳимқулов тасриҳ кард ; Созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои Созмони ҳамсуд аз ҷумла Қазоқистон , Тоҷикистон , Туркманистон , Арманистон , Озарбойҷон ва Беларусия иттилоот дар бораи фаолиятҳои худро ба таври шафоф мунташир мекунанд аммо қонуни нав бо ҳадафи афзоиши эътимоди мардум ба ин муасисаҳо вазъ хоҳад шуд.

Ин мақоми қирғиз гуфт ; интишори фаолияти Созмонҳои ғайридавлатие ,ки боиси эътимоди умумӣ хоҳад шуд зимни ин ,ки ҳамкории ин Созмонҳо бо давлат ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳоле аст ,ки коркунони Созмонҳои ғайри давлатие ,ки бисёре аз онҳо тавассути кишварҳои ғарбӣ таъмини молӣ мешаванд нисбат ба ин қонун эътироз карда ва ин иқдомро талоши давлат барои эҷоди мавонеъ барои тавсиъаи ҷомиъа унвон мекунанд.