Феврал 01, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Суис ва Туркманистон дар заминаи амнияти маводи ғазоӣ

Давлати Тукрманистон ва Суис дар заминаи амнияти маводи ғазоӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба нақл аз Форс, дар музокироти дуҷониба Филип Амон мудири кули ин ширкат гуфт ; колоҳои тавлидшуда ва масрафкунандагони Туркманистон бояд бо истифода аз техналогияҳои навин дифоъ шавад.

  «SICPA SA» яке аз Ширкатҳои маъруфи дунё аст ,ки дар заминаи амнияти коло фаолият мекунад

Туркманистон бо 107 кишвари ҷаҳон таъомулоти тиҷорӣ дорад ва Чин, Италия , Туркия , Русия , Имороти арабӣ ва Афғонистон бузургтарин шарикони тиҷории Ашқобод ҳастанд.

Бар асоси оморҳои Сандуқи байналмиллалии пул мизони мубодилоти тиҷории хориҷии Туркманистон дар соли гузаштаи милодӣ 17. 9 миллиард доллар будааст.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи гази табиӣ дар Осиёи марказӣ аст ,ки ин кишвар газро ба Чин ва Русия содир мекунад.