Феврал 03, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Эрон ва Қирғизистон бар густариши ҳамкориҳо

Саиди Харрозӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши ИРНА, Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи  Қирғизистон дар ин дидор бо ишора ба баргузории комиссияи муштарак дар озармоҳи гузашта ва барқарории парвози мустақим байни ду кишвар ибрози умедворӣ кард, иртибототи мардумӣ ва тоҷирони ду кишвар аз ин тариқ тавсеа ёбад.

Вазири хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин аз ҳамкории ду кишвар дар маҷомеи байналмилалӣ ташаккур кард ва хостори идомаи ин ҳамкориҳо шуд ва зарфиятҳои ҳамкорӣ байни ду кишварро боло донист. Айдарбеков бо ишора ба узвияти муваққати Эрон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ин масъаларо заминаи хубе барои вуруди маҳсулоти эронӣ ба ин кишвар донист ва хостори сармоягузории бештари Эрон дар Қирғизистон шуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин дидор зимни ироаи рӯнавишти Устуворнома ибрози умедворӣ кард, маъмурияти худро дар кишвари дӯст ва бародари Қирғизистон бо муваффақият оғоз кунад.

Вай таъкид кард, ҷумҳурии Қирғизистон аз кишварҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Харрозӣ дар идома бо ишора ба сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон мабни бар тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва перомунӣ таъкид намуд, тамоми талоши худро барои иртиқои равобити ду кишвар бавижа дар бахши иқтисодӣ ва тиҷорӣ сарф хоҳад кард.