Феврал 03, 2020 20:43 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Узбакистон ва Амрико барои афзоиши кумак ба Афғонистон

Вазирони умури хориҷаи Узбакистон ва Амрико дар дидори рӯзи душанбе дар шаҳри Тошканд, дар бораи ташдиди иқдомоти муштараки ду кишвар барои кумак ба Афғонистон тавофуқ карданд.

Ба гузориши Форс, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон рӯзи душанбе дар конфронси хабарӣ пас аз дидор бо Майк Помпео, ҳамтои амрикоӣ гуфт, мо дар бораи мавзӯоте аз ҷумла, ҷилавгирӣ аз таҳдидоти модерн ва чолишҳои пешбурди сулҳ дар Афғонистон гуфтугӯ кардем.

Вай афзуд, тавофуқ кардем, ки иқдомоти муштарак барои кумак ба Афғонистон ва гунҷондани ин кишвар дар тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказиро ташдид кунем.

Вай бо баёни инки Узбакистон ва Амрико барои ёфтани заминаҳои мушорикати роҳбурдӣ талош хоҳанд кард афзуд, мо рӯйкарди мушобеҳе дар қиболи амнияти минтақаӣ дорем ва талошҳои муштараки мо шомили созу кори дипломатии нишастҳои гурӯҳи C5+1 (нишасти вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Миёна бо Амрико ) мешавад. 

Вазири хориҷаи Узбакистон хотирнишон кард, ду тараф бар тааҳҳуди худ барои густариши талошҳо ба манзури тавсеаи сармоягузорӣ, тиҷорат ва ҳамкории омӯзишӣ таъкид карданд ва Узбакистон омодагии худро барои эҷоди шароити муносиб барои маҳофили тиҷории Амрико ва ташвиқи иҷрои проектҳои сармоягузории муштарак эълом кард.

Вазири хориҷаи Амрико низ аз талошҳои Узбакистон барои ҳимоят аз сулҳ ва оштӣ дар Афғонистон ташаккур ва эълом кард, Амрико як миллиондоллар кумак барои афзоиши тиҷорат ва иртиботот байни Узбакистон ва Афғонистон ироа хоҳад дод.

Вай афзуд, тақвияти пайвандҳо байни Узбакистон ва Афғонистон мӯҷиби ҳимоят аз сулҳ ва саодати натанҳо дар Афғонистон балки дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ ва фаротар аз он хоҳад шуд.

Помпео дар посух ба саволи яке аз хабарнигорон дар бораи иқдомот барои поён додан ба муноқишаи 20 сола дар Афғонистон гуфт, раисиҷумҳур Трамп дар бораи хости мо барои коҳиши нирӯ дар Афғонистон ҳеҷ ибҳоме эҷод накардааст. Мо қасди коҳиши нирӯро дорем ва барои ин кор ба шакле, ки мӯҷиби сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва коҳиши ҳазинаҳои мо шавад, кор мекунем ва Узбакистон дар ин замина иқдомоти хубе дар ҳимоят аз Амрико ва НАТО анҷом додааст.