Феврал 04, 2020 18:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили дастгоҳҳои русии ташхиси “корона” ба кишварҳои ИДМ

Русия бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши вируси «корона» ба кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгоҳҳои ташхиси ин вирусро ба таври ройгон дар ихтиёри онҳо қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Хадамоти федералии назорат бар ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунанда ва рифоҳи Русия бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши вируси «корона» ба таври ройгон дастгоҳҳои озмоишгоҳи ташхиси вируси шадидро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва ИДМ таҳвил дод.

Якуму дувуми феврали имсол сомонаҳои тести русӣ барои ташхиси вируси “корона” ба Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Узбакистон мунтақил шуд. Таҳвили ин сомона ба Тоҷикистону Қирғизистон низ пешбинӣ шудааст.

Ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо беморҳои ҳамагир, аз ҷумла таҳвили ройгони дастгоҳҳои мудерни ташхис ва пешгирӣ аз густариши бемориҳо саҳми босазоеро дар таъмини беҳдошт ва саломати умумӣ дар Авруосиё дорад.

 

Барчасп