Феврал 10, 2020 15:19 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани имкони сафар бо афтобус аз Узбакистон ба Русия

Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Узбакистон аз роҳандозии хатти афтобусронии байни ин кишвар бо Русия хабар доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Узбакистон эълом карданд, бо ҳадафи эҷоди шароити муносиб барои сафари мусофирон ба Русия аз 15 феврал хатти афтобусронии Тошканд-Омск роҳандозӣ мешавад.

Як ширкати вобаста ба Вазорати ҳамлу нақли Узбакистон барои ҷобаҷоии мусофирон дар ин масир афтобусҳои наверо ихтисос додааст.

Масофати байни Тошканд ва Омск 2 ҳазору 200 километр аст ва мусофирон дар муддати  32 соат ба мақсади худ хоҳанд расид.

Нахустин афтобус дар ин масир ҳаракати худро соати 18 рӯзи 15 феврал аз поёнаи шаҳри Тошканд оғоз мекунад.

Нархи чиптаи ин афтобус 450 ҳазор сум (47 доллар) аст.

 

Барчасп