Феврал 19, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозӣ муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон

Таҷаммӯи эътирозӣ дар муқобили сохтмони Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар пайи изҳороти тунди як мақоми тоҷик баргузор шуд.

Дар муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон таҷаммӯи эътирозӣ марбут ба изҳороти Абдуллоҳ Навҷувонов, раиси полиси устони Суғд баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, Камила Талиева, намояндаи собиқи парлумони Қирғизистон, ки дар байни муътаризин буд, гуфт: Мо бархурди ҷиддии давлати Тоҷикистон бо Навҷувоновро хосторем.

Вай афзуд, Мо ба унвони шаҳрвандони Қирғизистон ва сокинони устони Ботканд сӯҳбатҳои Навҷувоновро қабул надорем.

Токтаим Уметалиева, фаъоли иҷтимоӣ низ гуфт: Мо дархости ироаи иттилоот дар бораи таҳаввулоти ахир дар манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистонро дорем ва хоҳони ҳифзи сулҳу дӯстӣ байни ду кишвар ҳастем.

Ин эътирозоти қирғизҳо дар ҳоле аст, ки Навҷувонов дар нишасте бо ишора ба даргириҳои марзии ахир гуфт, устони Ботканд ҳаргиз мутааллиқ ба қирғизҳо набуда ва ҳузури онон мушкилоти зиёдеро эҷод кардааст.