Феврал 24, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон амнтарини кишвари гардишгарии ИДМ

Узбакистон дар раддабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳон барои гардишгарон мақоми 46 ва дар байни кишварҳои ИДМ мақоми аввалро касб кард.

Ба гузориши Форс, ин раддабанди дар ниҳоди фаронсавии “INSURLY” мунташир шуд.

Ин раддабандӣ бар асоси эҳтимоли вуқӯи балоҳои табиӣ, сатҳи беҳдошт, мизони ҷурмҳо ва мушкилоти ҳамлу нақл тадвин шудааст.

Мақоми аввалро аз назар амнияти гардишгарон дар соли 2020 бо 93.4 имтиёз Швейтсария касб кард.

Сингапур бо 92.7 имтиёз мақоми дуввум ва Норвегия бо 91.1 имтиёз мақоми сеюмро касб карданд.

Люксембург, Люксембург, Кипр, Дания, Португалия, Финландия ва Ҷопон дар байни 10 кишвари бартари ин раддабандӣ қарор гирифтанд.

Узбакистон 70.3 имтиёз дарёфт кард ва мақоми 46-ро касб кард.

Узбакистон дар ин раддабандӣ аз 100 имтиёз фақат 25 имтиёз касб кард.

Дар ин феҳрист Беларус мақоми 48, Озарбойҷон 52, Туркманистон 60, Молдова 66, Гурҷистон 68, Қазоқистон 71, Арманистон 72, Украина 83, Русия 86, Тоҷикистон 93 ва Қирғизистон дар мақоми 106 қарор доранд.