Феврал 26, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон: Парвозҳо ба Эрон лағв нашудааст

Созмони ҳавопаймоии Қирғизистон аз адами таълиқи парвозҳои ин кишвар ба Эрон хабар дод.

Созмони ҳаавопаймоии Қирғизистон аз адами таълиқи парвозҳои ин кишвар ба Эрон хабар дод.

Мақомоти Созмони ҳавопаймоии Қирғизистон рӯзи сешанбе ба хабаргузории AKI гуфтаанд, ки иттилооте мабнӣ бар таълиқи парвозҳо ба Эрон вуҷуд надорад.

Бар асоси гузоришҳо, Тоҷиикистон парвозҳои худро ба Эронро ба далели нигарониҳо аз хурӯҷи коронавирус, ба таври муваққат таълиқ кардааст.

AKI менависад: Ширкати ҳавопаймоии "Вориш" авоили феврал парвозҳои худро аз Теҳрон ба мақсади Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистон барқарор кардааст.

Бар асоси гузориши AKI, ин парвозҳо ҳафтае як бор ва дар рӯзи душанбе анҷом мешавад.

Созмони ҳавопаймоии кишвари Қирғизистон эълом карда, ки то кунун иттилооте мабнӣ бар таълиқи парвозҳо аз сӯи ширкати "Вориш" вуҷуд надорад ва ин ширкат низ то кунун дар ин замина баёнияе содир накардааст.

Таи рӯзҳои ахир ва ҳамзамон бо густариши хурӯҷи коронавирус дар кишварҳои минтақа, парвозҳо ба мақсади бархе кишварҳо шомили Эрон, ба далели ҳарос аз хурӯҷи коронавирус ба таври муваққат лағв шудааст.

 

 

Барчасп