Тафовути омори Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи муомилаҳои тиҷорӣ
(last modified Thu, 27 Feb 2020 08:05:40 GMT )
Феврал 27, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Тафовути омори Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи муомилаҳои тиҷорӣ

Омори ироашуда аз суи Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвар мутафовит аст.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба Ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кардааст,ки дар моҳи январи соли ҷорӣ мизони муомилоти тиҷории ин кишвар бо Узбакистон 22 миллиону 800 ҳазор доллар буда,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш афзоиши 2 ва ду дар садро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад,ки дар моҳи январи имсол Тоҷикистон ба Узбакистон ба маблағи 3 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулот содир карда ва аз кишвари ҳамсоя 19 миллиону 200 ҳазор доллар коло ворид кардааст. Аммо Кумитаи давлатии омори Узбакистон эълом кардааст ,ки дар моҳи январи соли ҷорӣ мизони муомилоти тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон 30 миллион доллар буда,ки 11 миллиону 300 ҳазор доллари он воридоти маҳсулоти тоҷикистонӣ мебошад.

Ба ин тартиб тафовути омори Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвар 8 миллион доллар аст.

Ин тафовути оморӣ дар мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2019 низ қобили мушоҳида мебошад.

Тоҷикистон ин шохисро 362 миллион доллар ва Узбакистон 497 миллион доллар эълом кардаанд.

Мақомоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон эълом кардаанд,ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахусти шарикои тиҷории Тошканд будааст.

Саҳми Тоҷикистон дар муомилоти тиҷории Узбакистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 1 ва чор даҳуми дар сад унвон шудааст.