Таъкиди раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркия бар густариши ҳамкориҳои мутақобил
Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркия дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши Форс, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар як гуфтугӯи телефонӣ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил таъкид карданд.
Раисиҷумҳури Узбакистон дар ин тамоси телефонӣ ба Эрдуғон таваллудашро табрик гуфта ва барои вай муваффақият ва ҳамчунин барои мардуми Туркия орзӯи муваффақият кард.
Мирзиёев бар нақши таърихии Эрдуғон дар тавсеаи пойдори Туркия, афзоиши нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид ва барои саҳми арзандаи вай дар таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории роҳбурди байни ду кишвар арзиши зиёде қоил шуд.
Раисони ҷумҳури ду кишвар ҳамчунин бар натоиҷи пурсамари дидори дуҷониба дар ин моҳ таъкид карданд.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин иҷрои амалии тавофуқоти ду кишвар ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷониба баррасӣ шуд.