Баста шудани марзҳои Узбакистон бо Афғонистон
(last modified Mon, 02 Mar 2020 12:53:00 GMT )
Март 02, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани марзҳои Узбакистон бо Афғонистон

Узбакистон марзҳои худ бо Афғонистонро баст.

Ба гузориши Форс, Узбакистон марзи худ бо Афғонистонро дар минтақаи марзии Ҳайратон барои ҷилавгири аз густариши вируси корона баст.

Мунир Фарҳод, сухангӯи устондори Балхи Афғонистон эълом кард, ки марзи Ҳайратон бо Узбакистон ба вақти маҳаллӣ масдуд шудааст.

Вай ибрози умедворӣ кард, ки масдуд шудани марзи Узбакистон ба рӯи Афғонистон муваққатӣ бошад ва пас аз иттихози тадобири дубора боз гардад.

Сафорати Покистон дар Кобул низ рӯзи гузашта дар иттилоияе эълом кард, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона марзи Спин-Болдак дар устони Қандаҳорро бо Афғонистон масдуд кардааст.

Ҳам замон бо ин рӯйдод вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кардааст, ки як фарди машкӯки олуда ба вируси корона дар устони Балх, шиносоӣ ва карантин шуда то натиҷаи озмоиши он дар Кобул эълом шавад.

Ваҳид Маҷрӯҳ, мушовири вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, ки токунун 40 мавриди машкӯк дар ин кишвар шиносоӣ шуда буд, аммо натиҷаи озмоиши ҳамаи онҳо манфӣ будааст.