Дидори сафири Эрон дар Бишкек бо вазири кишоварзии Қирғизистон
(last modified Sat, 07 Mar 2020 10:15:31 GMT )
Март 07, 2020 15:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Бишкек бо вазири кишоварзии Қирғизистон

Сафири Эрон дар Бишкек бо вазири кишоварзӣ, санойеъи ғазоӣ ва эҳёи арозии Қирғизистон дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Ба нақл аз Форс, Сайид Харозӣ сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон бо Эркинбег Чудаев вазири санойеъи ғазоӣ ва эҳёи арозии ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор Харозӣ зимни таъкид бар иродаи муқомоти олии 2 кишвар бар густариши муносибатҳои дуҷониба, омодагии тарафҳои эронӣ ва қирғизӣ дар заминаи кишоварзӣ ва санойеъи табдилӣ таъкид кард.

Вай бо ишора ба рушди 40 дар садии мубодилоти тиҷорӣ бо Қирғизистон дар соли 2019,иҷроӣ шудани бандҳои марбут ба бахши кишоварзӣ санади давоздаҳумин Камисиюни муштарки иқтисодӣ ва низ ҳамкорӣ бо ширкатҳои донишбунёни зермаҷмуъаи муовинати илмӣ ва фановарии раёсати ҷумҳурии Эронро аз ҷумлаи иқдомҳои муасир бар тавсиъаи муносибатҳо дар ин замина зикр кард.

Харозӣ дар идома таъкид кард,ки бо таваҷуҳ ба баҳси шуюи вируси Карона дар дунё ва низ Эрон аз мақомоти қирғизӣ дархост мешавад,ки зимни риояти нукоти эминӣ ва беҳдоштӣ,тадбирҳое гирифта шавад то ин масала мубодилоти тиҷорӣ байни 2 кишварро,ки бахше аз онҳо ҳам дар заминаи кишоварзӣ аст, таҳти таъсири худ қарор надиҳад.

Дар идома Чудаев вазири кишоварзии Қирғизистон ҳам зимни таъкиди рушди мубодилоти тиҷорӣ байни Эрон ва Қирғизистон ба хусус дар заминаи кишоварзӣ изҳор дошт ; мо омодагии лозим дар хусуси имзои ёддошти тафоҳум бо Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон ва низ муовинати илмӣ ва фановарии раёсати ҷумҳурии ин кишварро дорем.