Март 07, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус сабаби бекор кардани маросими Рӯзи ҷаҳонии зан дар Қазоқистон шуд

Раисиҷумҳури Қазоқистон дастур дод маросими солонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ба далели шуюи коронавирус баргузор нашавад.

Ба нақл аз ИРНО, Қосим Жормат Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар паёме ба муносибати ҳаштуми март, Рӯзи ҷаҳонии зан, зимни табрики ин рӯз дастур дод аз беми густариши шуюи коронавирус дар Қазоқистон маросими умумии ин рӯзи муҳим имсол баргузор нашавад.

Вай дар як паёми твиттерӣ навишт, аз онҷое, ки ба саломат ва хушбахтии ҳамаи занони Қазоқистон дар ин рӯзи муҳим меандешам, аз онҳо мехоҳам аз ҳаргуна таҷаммуъ ва ҷашни умумӣ барои баргузории ин рӯзи муҳим худдорӣ варзанд, то мабодо ин бемории муҳлик домани онҳоро низ бигирад.

Токаев таъкид кард, ҳадаф, бекор кардани ҳаргуна таҷаммуъ аст, ки метавонад заминаи интишори бештари ин вирус дар кишвар бошад.

Ҳамасола ба муносибати ҳаштуми моҳи март Рӯзи ҷаҳонии зан ҷамъе аз занони фаол дар бахшҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба мулоқоти раисиҷумҳури Қазоқистон мерафтанд ва аз онон таҷлил мешуд.

 

Барчасп