Март 10, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Табдил шудани Тоҷикистон ба маркази иртибототи Осиёи Миёна

Коршиноси технологии иттилоот ва иртиботот дар Осиёи Миёна гуфт, Тоҷикистон мехоҳад ба як маркази иртибототи Осиёи Миёна табдил шавад.

Ба нақл аз Спутник, Асомиддин Атоев ҳамчунин дар бораи осебпазирии кибернитии ин кишвар гуфт, ба тозагӣ як ширкати таҳқиқотии Англия рутбае аз бадтарин кишварҳо дар заминаи амнияти интернетиро мунташир карданд, ки Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад ва ин ба маънои тавоноии заифи ин ҷумҳурӣ дар муҳофизат аз худ дар баробари ҳамалоти иттилоотӣ аст.

Атоев гуфт, тибқи роҳбурди тавсеаи миллии Тоҷикистон, ин ҷумҳурӣ дар ҳоли табдил шудан ба маркази иртиботии минтақаи Осиёи Миёна аст. 

Вай гуфт, дар айни ҳол ин кишвар осебпазиртарин зерсохтҳои иттилоотии марбут ба интернетро дорад. 

Ӯ афзуд, маркази иртибототи якпорча (ICT) дар Тоҷикистон низ бисёр осебпазир аст.

Коршиноси технологии иттилоот ва иртиботот дар Осиёи Миёна гуфт, агар ҳамалоти интернетӣ дар Тоҷикистон оғоз шавад, ин марказ наметавонад дар баробари он муқовимат кунад ва кишвар бидуни интернет боқӣ хоҳад монд.