Март 10, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди қимати барқу газ

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди қимати барқу газ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “АКИпресс”, ҷаласаи баъдии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон барои ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҳамоҳангии нахуствазирони ду кишвар дар нимаи дувуми моҳи апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Як манбаъ дар давлати Тоҷикистон гуфт, ин нишаст қарор буд, авохири соли 2019 баргузор шавад, аммо ба таъхир афтод, зеро дар он замон кишварҳо ҳеҷ масъалаи ҳалнашудае надоштанд.

Ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, фарҳангӣ, илмӣ ва фаннии байни ду кишвар дар ҷаласаи оянда баррасӣ хоҳад шуд.

Соли гузашта Тоҷикистон 1.425 миллиард киловатт-соат барқ ба арзиши 28 миллиону 500 ҳазор доллар ба Узбакистон содир кард. Ҳамчунин дар соли 2019 Тоҷикистон 140 миллион метри мукааб гази табиӣ ба арзиши 17 миллиону 700 ҳазор доллар аз Узбакистон харидорӣ кард.