Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Узбакистон
(last modified Wed, 18 Mar 2020 13:13:40 GMT )
Март 18, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Узбакистон

Муҳаммадҷаводи Зариф ва Абдулазиз Комилов, вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон имрӯз телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, дар ин гуфтугӯ вазири умури хориҷаи Эрон зимни қадрдонӣ аз давлат ва миллати Узбакистон барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона, бар зарурати муқобила ва адами риояти таҳримҳои ғайриқонунӣ, якҷониба ва золимонаи Амрико алайҳи мардуми Эрон таъкид кард.

Кумакҳои инсондӯстонаи Узбакистон ба манзури мубориза бо шуюъи вируси круно бистушашуми исфандмоҳ озими Эрон шуд.

Ин кумакҳо шомили миқдоре аз ақломи беҳдоштӣ ва дармонӣ аст ва тавассути як ҳавопаймои ӯзбакистонӣ озими Эрон шудааст.

То пеш аз Узбакистон, Чин, Туркия, Иморот, Олмон, Фаронса ва Англия, Ҷопон, Қатар, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ва ҳамчунин Созмони ҷаҳонии Беҳдошт барои муқобила бо шуюъи круно ба Эрон кумакҳои инсондӯстона карда буданд.