Ирсоли бастаи кӯмакҳои башардӯстонаи Чин ба Узбакистон
(last modified Tue, 31 Mar 2020 11:48:30 GMT )
Март 31, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли бастаи кӯмакҳои башардӯстонаи Чин ба Узбакистон

Вазорати дифои Узбакистон эълом кард: Ширкатҳои вобаста ба муҷтамаи низомӣ- саноатии Чин 20 тонна маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстона ба Узбакистон ирсол карданд.

Бино бар эъломи Вазорати дифои Узбакистон, ин кӯмакҳои башардӯстона шомили васоили пизишкӣ монанди дасткашҳои стрили якбор масраф, либосҳои муҳофиз, ниқобҳои тиббӣ ва дигар васоили ҳифозатии ихтисосёфта барои мубориза бо шуюи коронавирус аст.

Вазорати дифои Узбакистон эълом кард: Ҳаҷми бештари ин кӯмак байни низомиён, кормандони бахшҳои интизомӣ ва пизишкии фаол дар заминаи мубориза бо коронавирус  дар кишвар тавзеъ хоҳад шуд.

Тибқи охирин иттилоот то кунун 145 нафар дар Узбакистон ба коронавирус  мубтало шудаанд.