Апрел 04, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Қазоқистон барои баргузории нишасти баъдии музокироти Сурия

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон аз омодагии ин кишвар аз мизбонии даври ҷадиди музокирот барои ҳалли буҳрони Сурия дар Нурсултон, пойтахти ин кишвар хабар дод.

Бино ба гузориши ИРНА, "Қосим Ҷомарт Токаев" омодагӣ барои баргузории ин нишастро дар тамоси телефонӣ бо "Чарлз Мишел" Раиси шурои иттиҳодияи Аврупо эълом кард.

То кунун 14 давр аз музокирот ба манзури баррасӣ ва ҳалли буҳрони Сурия баргузор шудааст ва дар ҳамаи ин нишастҳо бар лузуми ҳифзи ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Сурия ва решакании терроризм аз сарзаминҳои ин кишвар ва идомаи раванди оташбас таъкид шудааст.

Музокироти маъруф ба Астанаи Қазоқистон аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст. 
 
 Эрон, Туркия ва Русия ба унвони кишварҳои зомини раванди Астана, барои ҳалли буҳрони Сурия талош мекунанд. 
 
 Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Америка ва муттаҳидонашон оғоз шуд ва боиси кушта шудани ҳазорон тан ва оворагии миллионҳо шаҳрванди сури гардид.